Таркиш дар Нигерия: тақрибан 100 нафар қурбони ҳодиса шуданд
Дар натиҷаи таркиш дар корхонаи нафт, ки дар ҷануби Нигерия фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, тақрибан 100 нафар кушта шуданд. Бино ба хабари Associated Press, ҳукумат ду нафар сабабгори эҳтимолии ин фоҷеаро ҷустуҷӯ мекунад.
Як сокини маҳаллӣ Чуквуди Окечукву гуфтааст: “Мо аз ҳукумат барои дарёфти кор ёрӣ мепурсем. Агар мо метавонистем бештар пул ёбему беҳтар зиндагӣ кунем, машғули саноати ғайриқонунӣ намешудем. Чунки, ин ба ҳаёти инсон хатарнок аст”.