Раиси МММО ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба номзади арзанда овоз доданд

Субҳи имрӯз  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15 дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба хотири ояндаи дурахшони мамлакат, саодати мардум, рушди босубот ва пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.

Тазаккур бояд дод, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи мазкур дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар шаҳрвандони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуданд.

Дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1490 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 17 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

  

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE