Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа
ш.Душанбе. 06.05.2022. Имрӯз президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар мулоқоти гарму дӯстона роҳбарони ФФТ ва КФО дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, бахусус рушди имрӯзу ояндаи футбол дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
«Шуморо ба Душанбе хайрамақдам гуфта, ба Конфедератсияи футболи Осиё барои татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунам. КФО дар рушди футбол ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад. Дар давраи пандемия Тоҷикистон ба маркази футбол табдил ёфт ва дар солҳои охир мо ҳам таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳам таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ як қатор мусобиқаҳоро бомуваффақият баргузор намудем. Ҳамеша омодаем, ки ҳама гуна ташаббусҳои КФО-ро, ки ба рушди футбол дар минтақа нигаронида шудаанд, дастгирӣ намоем», – иброз намуданд президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар навбати худ ба президенти ФФТ барои истиқболи самимӣ ва ташаббусҳои ҳамаҷонибаашон баҳри рушди футболи Осиё изҳори сипос намуд.
«Ин аввалин сафари ман ба Тоҷикистон пас аз пандемия аст ва мехоҳам ба шумо барои дастгирии ҳамаҷонибае, ки ба рушди футбол дар минтақа расонидаед, ташаккур гӯям. Мо аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар давраи пандемия, соли гузашта бозиҳои чаҳор гурӯҳи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои занону ҷавонон (U-23)-ро мизбонӣ кард, миннатдорем. Мо аз он шодем, ки новобаста аз пандемия, мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор мешаванд ва ҳамеша омодаем, ки дар ин самт шуморо дастгирӣ намоем. Конфедератсияи футболи Осиё аз дастовардҳое, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар солҳои охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст овардааст, ифтихор мекунад. Мо аз фаъолияти пурсамари Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки Шумо раиси он мебошед, хушҳолем. Инчунин мехоҳам ба шумо барои дастгирии ҳамаҷониба дар баргузории Кумитаи иҷроияи КФО дар Душанбе изҳори сипос намоям», – гуфт президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.