Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад

9 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 10 декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон эътироф шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардид.

Мақсад аз ин рӯз ба ҷомеа ва ҳар фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар нафар мебошад. Азбаски Тоҷикистон чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ин санади байналхалқиро эътироф кардааст, дар ин рӯз дар мамлакат ҳамоишу конфронс ва семинару чорабиниҳои алоҳида баргузор карда мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE