Дар ҷаласаи Шӯрои ВКХ-и ИДМ 11-қарор ба имзо расид

Тавре қаблан иттилоъ додем импӯз 13-уми май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ оғоз гардидаву идома дорад. Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Вазирон дар мавриди масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуда, инчунин иқдомҳои ҷориро оид ба таъмиқсозии равобити амалӣ дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалиятҳои раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур 11 уарор ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии шурои Вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13-уми октябри соли 2022 дар Нур-Султон баргузор мешавад.

Шодонҷон Султонов 

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE