Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ

13 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиродҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки нигоҳ доштани муколамаи эътимодбахши сиёсӣ ва густариши минбаъдаи муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бешак авлавияти асосӣ мебошад.
Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ карда, перомуни мавзӯҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Гузашта аз ин, дар ҷаласа ба татбиқи бандҳои Изҳороти муштарак аз натиҷаи Вохӯрии сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Аваза, 6 августи соли 2021) таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Мулоқот дар фазои созанда баргузор шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE