«Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуково оғоз менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва роҳандозӣ менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.
Шурӯъ аз 16 май ҳамарӯза як парвоз (SZ 333-334) дар масири Душанбе-Москва ба фурудгоҳи Внуково ва як парвози дигар (SZ 201-202) аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедово анҷом дода мешавад. Қаблан рӯзе ду парвози хатсайри Душанбе – Москва ба Домодедово сурат мегирифт.
Тибқи ҷадвали парвозҳо, хатсайри SZ 333 аз Душанбе соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз намуда, соати 10:25 ба вақти Москва дар Внуково фуруд меояд. Дар самти баргашт соати парвоз аз Внуково 11:45 ва фуруд дар Душанбе 17:35 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Вақти парвози хатсайри SZ 201-202 Душанбе – Москва (Домодедово) – Душанбе ҳамоно бетағйир боқӣ мемонад. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки мусофирони ба Федератсияи Русия сафаркунанда, ба истиснои шаҳрвандони Русия бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соати пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки аз 15.03.2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ва ё қисман мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.