Дар Москва ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Созмон баргузор мешавад

Рӯзи душанбе, 16 май дар шаҳри Москва баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААДбахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Созмон дар назар астТавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кремл хабар додааст. 

Бино ба гуфтаи котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков, ба ҷуз аз ҷаласаи умумӣ, мулоқоти алоҳидаи сарони давлатҳо дар сиғаи субҳонаи корӣ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамаи сарони кишварҳои узви СААД — Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок мекунанд.

Тавре интизор меравад, аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД вазъ дар минтақаи зери масъулияти созмон ва дурнамои рушди онро баррасӣ намуда, бахшида ба солгарди таъсиси СААД изҳорот қабул мекунанд.

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Дабири кулли Созмон Станислав Зас ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, ки имсол раёсат дар созмонро бар уҳда дорад, ба хабарнигорон иттилоъ диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ба СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Созмон 15 майи соли 1992 бо имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Тошканд (Узбекистон) таъсис ёфт. Шӯрои амнияти дастҷамъӣ мақоми олии СААД буда, ба а он сарони давлатҳо — аъзои Созмон дохил мебошанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE