Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

28 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи Шуро 15 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аъзои Шуро нахуст қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Дар идомаи ҷаласа пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани С. Ҳакимзода ва М. Наимзода, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ф. Комилӣ, ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани З.Абдуллозода, ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани С.Аминзода, инчунин оид ба додани ризоият барои аз вазифаи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Д. Талбакзода ва М. Рофизода, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани И.Зоирзода,  ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани У.Каримзода, ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани С.Азимзода ва ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ҳ. Воҳидзода мавриди муҳокимаи аъзои Шурои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Инчунин дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 муҳокима ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE