Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба шаҳри Норак сафари корӣ анҷом дод
19 май муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур.
Матлубахон Сатториён аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ, Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Норак, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Норак, беморхонаи марказии шаҳр, китобхонаи марказии шаҳр, Неругоҳи барқи обии «Норак» ва ҷараёни таҷдиду навсозии боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр дидан намуд.
Зимни сафари корӣ Матлубахон Сатториёнро муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини Вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Алишер Ализода, муовини Вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода ва сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ҳамроҳӣ намуданд.