Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли СММ мулоқот кард
5 июл дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Департаменти зиддитеррористӣ Владимир Воронков баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар баробари масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин тарафҳо ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо барои таҳкими “Раванди Душанбе оид ба муқовимат бо терроризм ва сарчашмаҳои маблағгузории он” изҳори омодагӣ карданд.