Ширин Амонзода дар якумин Форуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират иштирок намуд
19-20 майи соли 2022 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар мубоҳисаҳои умумии якумин Форуми байналмилалии бознигарии масъалаи муҳоҷират, ки дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромад, Ширин Амонзода оид ба сиёсат, лоиҳаҳо ва барномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати беҳбудии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандон равонашудаанд, маълумоти муфассал манзур намуд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони байналмилалии муҳоҷиратро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба тасвиб расонида, меъёрхои байналмилалии муҳоҷиратро дар махзани миллии конунгузорӣ дохил намудааст.
Инчунин зикр гардид, ки дар кишвар лоиҳаи Консепсияи нави миллии шуғли аҳолӣ барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, дар он сиёсати тавсеаи шуғли пурмаҳсул ҳамчун яке аз чаҳор самти асосии рушди босамари аҳолӣ муқаррар шудааст.
Инчунин, Ш. Амонзода дар бораи барномаҳои таълими ихтисос ва рушди малакаҳои корӣ, ки бо мақсади мусоидат ва мутобиқсозии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон ба талаботҳои муосири бозори меҳнат роҳандозӣ мегардад, иттилоъ дод.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинии мазкур масъалаҳои муттаҳидсозии амалҳои муштарак ҷиҳати беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва коҳиш додани паёмадҳои номатлуби равандҳои глобалӣ ба бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифта, мақсади асосии он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилот ва масъалаҳои мубрами муҳоҷират ба ҳисоб меравад.