Воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтар фаъолияти худро аз терминали Дарвозаи ҷанубӣ ба роҳ мемонанд
Бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҳудуди шаҳри Душанбе минбаъд ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтари вилояти Хатлон фаъолияти мусофирбарии худро аз терминали Дарвозаи ҷанубӣ ба роҳ мемонанд, хабар медиҳад МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Фатҳиддин Усмонзода бо роҳбарони ниҳодҳои дахлдор дастур дода шуд, ки бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирони самти Бохтари вилояти Хатлон аз кӯчаи Н. Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат) то терминали мусофирбарии Дарвозаи ҷанубӣ воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз ин нуқта ройгон ба терминали мазкур интиқол диҳанд. Ҳамзамон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ронандагон ва мусофирон масъулини терминали мусофирбарии Дарвозаи ҷанубӣ вазифадор гардиданд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Фирдавс Саидзода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт ва инчунин ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда тадбирҳои зиёди амалӣ андешида, дар даромадгоҳҳои пойтахт терминалҳои мусофирбари муосирро мавриди истифода қарор додааст.
«Бо вуҷуди фароҳам овардани шароити мусоид барои ронандагон ва мусофирони ба ҳудуди пойтахт воридшаванда то ҳанӯз мушкилот дар ин самт ба назар расида, қисме аз ронандагон худсарона дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр, бахусус дар кӯчаи Н. Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат), назди биноҳои истиқоматӣ нуқтаи таваққуф ташкил намуда, ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул мебошанд. Ин ҳолатҳо дар ин масир танбашавии роҳу нақлиётро ба миён оварда, сабаби халалдор гардидани оромии истиқоматкунандагони ин минтақа гардидааст»,- афзуд муовини Раиси шаҳри Душанбе.
Иштирокдорон, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтари вилояти Хатлон пешниҳодоти масъулинро қобили қабул шуморида, иброз намуданд, ки худи онҳо дар ин самт ташаббус нишон медиҳанд.