Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос гардид
21 июн дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан боздид ба амал овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Дар ин сафар муовини Сарвазирро муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Муовини Сарвазир ва ҳамроҳонаш бо боғҳои навбунёд, майдонҳои кишти картошка, ғалла, сабзавот ва мақсаднок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳотҳои «Нофароҷ», «Пошкент» ва «Чорбоғ» шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Истаравшан соли 2022 дар ҳама намудҳои шакли хоҷагидорӣ маҷмӯан дар майдони 3385,36 гектар замин кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 350,36 гектар зиёд мебошад. Дар ин раванд кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти «Чорбоғ», «Нофароҷ», «Ҷавкандак», «Пошкент» ва «Қалъаи баланд» саҳми назаррас гузошта, аз 39 то 140 гектар барзиёд нақшаи кишти картошкаро иҷро карданд. Соли равон 76 гектар майдонҳои боғ аз нав барқарор карда шуда, тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 46 гектар заминҳои таллу теппа боғҳои нав бунёд карда шуданд. Инчунин дар майдони зиёда аз 17 ҳазор гектар замин ғалладонагӣ кишт карда шудааст, ки наздики 7,5 ҳазор гектари он гандум мебошад.
Сулаймон Зиёзода бо деҳқонону хоҷагидорон ва масъулини соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан ва ҷамоатҳои деҳоти он суҳбат анҷом дода, вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранок истифода кардани заминҳо ва гирифтани ду — се ҳосил аз як замин, ба кишт пурра фаро гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, ба таври кофӣ барои ду сол захира кардани маҳсулот ва дигар масъалаҳои марбут супоришҳои мушаххас дод.