Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО “Роғун”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти тозаинтихоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар  иншооти оқабулкунаки доимӣ  аз  ҷониби  коргарону мутахассисони  Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ориёно” бо суръат идома дорад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз фаъолияти коргарону мутахассисон ва суҳбати озоду самимӣ ба онҳо дастуру ҳидоят доданд, ки  қабл аз  ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Дар обқабулкунакҳои асосӣ бо назардошти роҳҳои дастрасӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то имрӯз 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 4,1 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва 134,4 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ ба анҷом расидааст.

Фаъолияти босамар ва  шабонарӯзии коргарону мутахассисон имкон  фароҳам овард, ки  дар  иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва тибқи нақшаи пешбинишуда вусъат ёбад.

Корҳои нақбкании  шахтаҳои дарвозаҳои обрасон дар сатҳи 1300 метр аз  ҷониби коргарони “Заводи таҷрибавӣ – механикӣ”-и Норак  тибқи риояи  талабот   ва   меъёрҳои  сохтмонӣ анҷом дода шуда истодааст.

Дар иншооти  обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”  аз техникаву механизмҳои муосир истифода шуда, тавассути онҳо корҳои  сохтмонӣ бо  сифати баланд анҷом дода мешавад.

Президенти тозаинтихоби  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  рафти корҳои сохтмонӣ  ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти  обқабулкунаки доимии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баҳои баланд доданд.

Коргарону мутахассисон  бо  азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бунёдгузори Нерӯгоҳи барқи обии “ Роғун”  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯзӣ заҳмат кашида,  барои  анҷоми муваффақона ва  босифати  корҳо беш аз  ҳар вақта саъю  талош мекунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE