18-уми октябр дар Душанбе Фестивал-намоиши шолӣ ва ҷашни”Меҳргон” баргузор мегардад
18 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо баргузории Фестивал-намоиши шолӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Дар ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзаҷот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ осори дастии хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ низ дар назар аст.