«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф карда шуданд

Бо қарори Раёсати  Бонки миллии Тоҷикистон «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон дониста шуданд. Дар ин бора дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тазаккур дода шуд, ки «Амонатбонк» бо  меъёри ҷамъбастии 24,27, «Ориёнбонк» 20,06 ва «Бонки Эсхата» бо меъёри 14,39 дар рӯйхати бонкҳои низомсози мамлакат  дар соли 2023 ҷой гирифтанд.

Ҳамзамон бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ  гардид. Тибқи он ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл» бо меъёри ҷамъбастии  5,17 ташкилоти қарзии эҳтимолӣ эътироф карда шуд.

Рӯйхати мазкур соле як маротиба бо дарназардошти доираи фарогирии шабакаҳо, иқтидор, мавқеъ ва нишондиҳандаҳои молиявӣ таҳия карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE