Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамринҳоро дар Дубай идома додаистодааст

Тими миллии Тоҷикистон пас аз як рӯзи истироҳат дар Дубай машқҳоро ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар Бишкек баргузор мешавад, идома медиҳад.

Дастаи мо бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар реҷаи дукарата машқ дорад: пагоҳӣ дар толори варзишӣ ва бегоҳӣ дар майдон.

1 июн тими миллии Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар Дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE