Даъвати баҳории шаҳрвандон дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон пурра ба анҷом расид

Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, пурра ба анҷом расид. Дар ин бора имрӯз зимни суҳбати телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар нахустин рӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Ба ҳамин тартиб, дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар самти сифатан ва дар сатҳи зарурӣ ташкилу ба роҳ мондани ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пешсаф буданд, инчунин ба волидони ҷавонписароне, ки ихтиёрӣ ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир гардидаанд, изҳори сипос менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида, яъне давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон ба итмом расида бошад ҳам, лекин тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва дар Ватани худ хизмати пуршарафи Модар — Ватанро адо намоянд.

Хизмати ҳақиқии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ марҳилаи муҳими ҳаёти ҳар ҷавон мебошад. Дар артиш ӯ на танҳо аз мактаби хуби ҳаёт мегузарад, балки дӯстони ҳақиқӣ пайдо мекунад ва аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ обутоб меёбад. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчии ҳарбӣ имкон дорад, ки худро аз ҳама беҳтарин нишон диҳад, дарк кунад, ки ӯ воқеан ба чӣ қодир аст, зеро дар он ҷо метавонад омодагии хуби ҳамаҷониба гирад, малакаҳои барои ҳаёт муфид омӯзад,  боинтизом шавад, тарзи кори дастҷамъона ва пайдо кардани дӯстони якумриро ёд гирад. Вале аз ҳама муҳим- ҷавонон дӯст доштан ва ҳимоя  намудани Ватанро ёд мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE