Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ иштирок намуд

Дирӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар нахустин нишасти вазирони масъули фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ «Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар шакли видеоконфронс иштирок намуд, ки ҷаласаи мазкур ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба равона гардида буд, иттилоъ медиҳад Вазорати рушди иқтисод.

Гуфта шуд, ки бо шарофат ва иродаи олии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории стратегии давлатҳои мо ба сатҳи баланд баромада, самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирад.

Ҷаласаи мазкур ба дарёфти имконияти ҳавасмандгардонии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, зиёд намудани гардиши савдои хориҷӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар самтҳо равона шуда буд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хосса дода, Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз сармоягузорони бузургтарин барои бисёре аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар нишасти мазкур вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, тиҷорати рақамии сармоягузорӣ, рушди нақлиёту логистика, сохтмони роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, бахусус таъсиси корхонаҳои истеҳсоли электромобил дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ», «Технологияҳои рақамӣ», «Неругоҳҳои барқи оби» ва ҷорӣ намудани низоми «Савдои электронӣ» пешниҳодҳои мушаххас манзур шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа намояндагони кишварҳои иштироккунанда омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариши додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои гуфташуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE