Самари дӯстӣ: аз 20-уми июн ҳаракати қатораҳо дар роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе оғоз мегардад

Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки  дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд   ҳаракати  қатораҳои мусофиркашонӣ  дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022   оғоз  мегардад. Мусофирон метавонанд барои сафар таввасути  қатора   дар масири Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз  хазинаҳои фуруши чиптаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон чипатҳоро харидорӣ   намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE