Тоҷикистону Фаронса масъалаҳои амнияти минтақавӣ, обу энергетикаро баррасӣ намуданд

7 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати он кишвар таҳти роҳбарии Эрве Морей мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохурӣ доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла самтҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса, амнияти минтақавӣ, обу энергетика ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Гурӯҳи дӯстии Фаронса-Осиёи Марказии Сенат дар  Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE