Дар Душанбе Фестивали II байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор мешавад

Аз 22 то 26 июн бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали II байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор мегардад.

Дар Фестивал кӯдакону наврасони соҳибистеъдоду эҷодкор аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва давлатҳои Русия, Узбекистон, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Покистон иштирок мекунанд. То имрӯз 120 нафар соҳибистеъдод аз ноҳиҳои дурдасти мамлакат барои иштирок дар ин Фестивал номнавис гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал фароҳам овардани шароити мусоид барои рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакони кишварҳои гуногун, тарғиби арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу ваҳдат, дониш ва эҳтиром ба анъана ва фарҳанг, табодули дастовардҳои эҷодӣ ва мусоидат ба сайқали маҳорати истеъдодҳои ҷавон дар жанрҳои гуногуни эҷоди мусиқӣ мебошад.

Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» як лоиҳаи байналмилалии башардӯстонаи ғайритиҷоратӣ мебошад, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022 амалӣ карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE