Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар бахши сайёҳӣ баррасӣ гардид

15 июн Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбари Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (ITB Berlin) Давид Рютс вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо иқтидор ва имконоти гардишгарии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкории баъдӣ дар ин самт ва таблиғи муштараки бахши сайёҳӣ изҳор доштанд.

Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои рушди бахши сайёҳӣ мероси бузурги фарҳангию таърихӣ, мавқеи муносиби ҷуғрофӣ ва манзараҳои дилфиреб дорад. Бинобар ин, барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ шурӯъ аз 1 январи соли 2022 низоми бераводиди яктарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 52 кишварҳо ҷорӣ ва аз 6 июни соли равон парвози мустақим дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе роҳандозӣ гардид.

Дар идомаи гуфтугӯ сатҳи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ITB Berlin-2023 ва тадорукоти марбут ба он мушаххас карда шуд.

Тибқи иттилои Давид Рютс, баргузории Намоишгоҳи навбатии байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin» дар давраи 7-9 марти соли 2023 дар Маҷмааи намоишгоҳии «Messe Berlin» ба нақша гирифта шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE