Вазъ ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид

Бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар МТС хабар доданд.

Дар видеоконфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Имомӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия З. Саидзода иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки ки тайи сӣ соли даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамкорӣ  дар соҳаҳои гуногун байни Тоҷикистон ва Русия беш аз пеш густариш ёфтанд. Ҳар ду ҷониб ҳамкории судмандро дар чаҳорчӯби механизмҳои гуногун, ба монанди СММ, СҲШ, СААД ва МҲТБО ва ғайра баҳри манфиатҳои мутақобилаи тарафайн ва рушди умумӣ  густариш доданд.

Маърўзачиён вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро  мавриди баррасии амиқ қарор дода, минбаъд ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ  дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризм ва дар самти мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва амнияти минтақавиро таъйид ва таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE