Имсол Тоҷикистон дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ мегузаронад

Мувофиқи дурнамои сохтори кишоварзӣ, соли равон дар Тоҷикистон дар майдони 10 ҳазору 671 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат.

Тибқи маълумоти омории ба ҳолати 1 июни соли равон,  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 8401,6 гектар кишти шолӣ гузаронида шудааст.

Сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат Музаффар Азизов гуфт, ки  биринҷ яке аз ғалладонаҳои бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста мешавад, зеро баъд аз ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Олимони кишоварзӣ бар он назаранд, ки дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ  парвариш  карда мешавад. Истеъмоли солонаи биринҷ барои як нафар дар Тоҷикистон  аз  12 то 15 кг рост меояд.

Музаффар Азизов иброз намуд, ки «бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ захира намудан бештар тавсия дода мешавад.  Ҳосили шолиро бе коркард барои чанд сол захира намудан имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст, шолиро ҳарчи бештар захира намуда, бо ин роҳ ҳамеша фаровон будани биринҷро дар бозори истеъмолӣ таъмин намоянд».

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар пасманзари пандемияи коронавирус соли 2020 барои ду сол захира намудани маҳсулоти ниёзи аввал, даъват карда буданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон бояд бозори дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намуда, кишти картошка, ғалладона ва ҷуворимаккаро зиёд намояд. Тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум — орд, равғани растанӣ ва биринҷ афзоиш дода шавад».

Доир ба захираи ин навъи маҳсулот доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов чунин тавсия медиҳад, «Ин навъи маҳсулотро дар кишвари мо ҳар як оила истифода менамояд. Агар шароит риоя шавад, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо, биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад. Ба сифати борҷома беҳтар аст, ки зарфҳои пластикии хоси маводи ғизоӣ (PETE) ва зарфҳои шишагӣ истифода шаванд ва онҳо бояд маҳкам пӯшида шаванд».

Чуноне таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлоти Ютаи  ИМА) гузаронидашуда нишон медиҳад, агар ин шароитҳо риоя шаванд, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай  таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намекунад. Бояд  зикр кард, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордодашуда  истифода шудааст.

Шолӣ зироати тропикӣ буда, ба намӣ ва гармии зиёд ниёз дорад. Мутахассисон тавсия менамоянд, ки заминҳои шолизор ҳатман тирамоҳ шудгор карда шаванд. Зеро замин дар киштзори шолӣ доимо таҳти об буда, барои нафаскашӣ оксиген намерасад. Инчунин пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба як гектар пошидани 200-400 кг суперфосфат зарур дониста мешавад. Чунки шолӣ то 25-30 фоиз вазни худ об меҷабад ва дар ҳарорати +15 +16 дараҷа гарми ба сабзидан шурӯъ мекунад. Чӣ қадаре ки ҳарорати об баланд бошад, ҳамон қадар сабзиши шолӣ меафзояд.

Мавриди зикр аст, ки табибон  шифобахшии биринҷро таъкид намуда, барои рафъи чандин бемориҳо хӯрдани онро тавсия медиҳанд. Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами  биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон, яъне омоси  рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад, ки  он  асабро ором намуда,  ба пӯст беҳбудӣ  бахшида, нохун ва муйро  дар ҳолати хуб  нигоҳ медорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE