Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 31-солагии Истиқлолият
Ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 3 то 9 сентябр дар мавзеи назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезӣ, маҳсулоти шириву қаннодиро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.