Дар Давҳа бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
23 июн дар шаҳри Давҳа Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанивиро бо ҳузури шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Қатар баргузор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ҳамватанонро ба муносибати ин ду ҷашни фархунда, ки дар сафҳаҳои таърихи навини тоҷикон бо хутути зарин ҷовидона сабт шудаанд ва дар таҳаққуқи амалии ормонҳои миллӣ ва сохтмони давлати демократию ҳуқуқбунёд нақши тақдирсоз доранд, табрику таҳният гуфт.
Таъкид гардид, ки дар партави талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боварии содиқонаи мардум ба Пешво ва Ҳукумати кишвар имрӯз Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили мубрами глобалӣ ҷойгоҳи баландро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст.
Дар ин замина зикр карда шуд, ки ваҳдати миллӣ нерӯи асосии пешрафтҳои таърихию беназири кишварамон дар ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии рушд ва мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад.
Дар рафти ҳамоиши Сафорат филмҳои мустанад ва аксҳои таърихӣ дар бораи равандҳои барқарорсозии сулҳу оромӣ, бунёди аркони давлати демократию ҳуқуқбунёд, эҷоди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, таъмини низоми ҳуқуқии адолатпеша ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ки маҳз аз қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби раҳбари хирадманди кишвари ҷавону соҳибистиқлол маншаъ мегиранд, намоиш дода шуданд.