Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қабули аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноятро ба таври электронӣ ба роҳ монд
Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия дар марҳилаи аввал дар ҳудуди шаҳри Душанбе Барномаи қабули электронии аризаи шаҳрвандон дар бораи ҷиноят амалӣ карда мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Шаҳрвандони шаҳри Душанбе метавонанд аризаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ ирсол намуда, раванди баррасии онҳоро назорат намоянд.
Маълумоти иловагиро дар бораи истифодаи барномаи мазкур тариқи рақами содаи 19-00 ё https://ariza.vkd.tj/openid/interaction/XCg7SzJTXQw1Fwmd26v3Z/login дастрас намудан мумкин аст.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти қабули электронии аризаи шаҳрвандон аз навгониҳои хизматии милитсия ба аҳолист, ки дар доираи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» роҳандозӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст. Мақсади асосии ислоҳоти милитсияро ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имконияти аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода шавад.
Маҳз бо дастгирии аҳолӣ, зиёиёну равшанфикрон, аҳли ҷамоат, намояндагони маориф, кормандони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон, бахусус донишҷӯён метавонем бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ки имрӯз моро ба ташвиш овардаанд, мубориза барем.
Акс: ВКД ҶТ