«ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИМКОНОТИ РУШДИ САЙЁҲИИ УСТУВОР». Таҳти чунин унвон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзӯи «Душанбе-шаҳри имконоти рушди сайёҳии устувор» бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамасола 27 сентябр дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Ин сана дар саросари дунё аз соли 1979 ҷашн гирифта шуда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо ва мардумони гуногуни олам мебошад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки «пойтахти Тоҷикистон ҳамчун маркази тамаддуни илму фарҳанг ва фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият оғоз намудани корхонаю ширкатҳои гуногун, бунёду таҷдиди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, ба истифода додани тамрингоҳҳою майдончаҳои варзишӣ, навсозии пулу роҳҳо ва боғҳо, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд, бидуни муболиға Душанберо ба пойтахти муосиру обод ва шаҳри сайёҳӣ табдил додаанд».
Имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғатӣ табдил ёфтааст.
Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иброз намуд, ки «бо шарофоти сиёсати Сарвари давлат ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе пойтахт ба яке аз шаҳрҳои шинохта ва пешрафта табдил гардидааст».
Мавсуф зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании шаҳри Душанбе ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, бунёду беҳсозии инфрасохтори муосири соҳа, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Зикр гардид, ки ду сол муқаддам дар асоси қарори Шӯрои вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ Душанбе пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардид. Ин ташаббус ба густариши ҳамкорӣ бо СҲИ ва муаррифии дастовардҳои пойтахт мусоидат намуда, ба рушди сайёҳии шаҳри Душанбе такони ҷиддӣ бахшид.
Сипас аз ҷониби иштирокдорон доир ба имконияти бузурги сайёҳии шаҳри Душанбе, рушди устувори сайёҳӣ дар пойтахт, омилҳои таъсиррасони он, захираҳои сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Дар доираи ҳамоиши имрӯза озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфа ва Сипосномаи Мақомоти иҷорияи ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, коххои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Суруш», 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи муосир хизмат мерасонанд.
Яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт гардидааст.
Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассуми сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос мекунанд ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон -– шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, дар айни замон бо 18 шаҳри Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст.
Манбаъ: https://khovar.tj/