Ҳайати Тоҷикистон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вохӯрӣ намуд

28 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва узвияти муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисcабон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин мулоқот кард. Дар ин ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Чжэнминро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Созмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карданд.

Қабули ҳашт қатъномаи марбут ба об бо иттифоқи онро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмон, ташкил ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” натиҷаи неку назарраси ин ҳамкорӣ номида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сатҳи баланд оид ба масоили об дар Душанбе ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои “Рӯзномаи 2030 барои рушди устувор”, вусъати амалҳо ва шарикии кишварҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар қолаби Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Рӯзномаи Амали Аддис-Абеба, Созишномаи Париж ва Барномаи нави шаҳрҳо мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масоили иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии он, афзоиши аҳолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби маблағҳо ба ин самт муҳокима гардид.

Ҷонибҳо дар бораи ҳалли мушкилоти тағйирёбии даври гидрологӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, обхезиву хушксолиҳо, амнияти озуқаворӣ ва обшавии пиряхҳо табодули андеша карданд.

Дар мулоқот атрофи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE