ВМИ ҶТ: Хонандагони синфҳои 1 аз 3 июн ва синфҳои 2-11 аз 7 июн ба таътил мебароянд

Хонандагони синфҳои 1 аз 3 июн ва толибилмони  синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат аз 7 июни соли равон  ба таътили тобистона  мебароянд.

Тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод,   1 июни соли равон  бо мақсади анҷоми соли таҳсили 2020-2021  фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.

Тибқи банди 1-и  фармоиши мазкур  машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамчунин дар бандҳои дигари фармоиш гуфта шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн,   синфҳои 5-8 ва 10-11  аз 9 июн то 17 июн,  синфҳои 10 аз 9 июн то 16 июн, синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.

Омӯзгорону хонандагон метавонанд бо нусхаи фармоиши мазкур, ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон — https://maorif.tj/…/farmoishi-vaziri-maorif-va-ilmi… гузошта шудааст, шинос шаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE