Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон тағйирот ба амал омад

Фурқат Ахмедҷонов дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФФТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,  ӯ қаблан роҳбарии Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта, дар ин вазифа Давлматманд Исломовро иваз кард.

Давлматманд Исломов бо сабаби ба кори дигар гузаштан вазифаи дабири кулли ФФТ-ро тарк кард.

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Давлатманд Исломов изҳори сипос намуда, ба ӯ дар вазифаи наваш дар сохтори ФФТ комёбӣ таманно мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE