Мубодилаи барқияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак

08.07.2022 17:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон бипазиред.

Тули ин давра талошҳои ду кишвар дар роҳи таҳкиму тавсеаи  муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманд самараи нек ба бор овардаанд. Дар ин раванд, силсилаи мулоқоту тамосҳои пайвастаи байнидавлатии сатҳи олӣ ва баланд нақши муассир доштанд.

Зимни арзёбии мусбат аз ҷараёни кунунии ҳамёрии ду давлат, мо манфиатдор будани кишвари худро ба вусъату таъмиқи бештари он  таъкид менамоем.

Бар ин боварем, ки идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Маҷористон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасана ва ҳамкориҳои дарозмуддату гуногунҷанбаи кишварҳоямон дар заминаи манфиатҳои аслии мардумони мо такони тоза хоҳад бахшид.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, тансиҳатии комил, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Маҷористон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Иҷозат фармоед зимни ин нома таманниёти гарму самимии худро ба Шумо ва ба тамоми мардуми кишваратон ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ иброз намоям.

Аз он шод ҳастам, ки дар муддати се даҳсолаи ахир муносибатҳои дуҷонибаи мо дар рӯҳияи эҳтиром ва эътимоди ҳамдигарӣ рушд ёфтаанд.

Бовар дорам, ки мо минбаъд ҳам метавонем дар аксари дигар соҳаҳои ҳамкориҳоямон ба дастовардҳои  нав ноил гардем.

Умедворам, ки ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Маҷористон ба наздикӣ дар Душанбе ба ҷаҳду талошҳои муштараки мо такони тоза хоҳад бахшид.

Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки Маҷористон минбаъд низ аз таҳкими   шарикиамон ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Ба Шумо саломатии бардавом ва дар кори масъулиятнокатон дастовардҳои беш аз пеш хоҳонам».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE