25 июл даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз меёбад

25 июл дар ҷумҳурӣ даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардида, то нимаи аввали моҳи август идома меёбад. Даври дуюми озмун дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир мешавад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.

Даври дуюми озмун тибқи нақша дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 25 июл то 1 август, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 1 то 7 август, дар маркази ВМКБ аз 8 то 12 август,  дар шаҳри Ҳисор (аз ноҳияи Файзобод то шаҳри Турсунзода)- аз 1 то 5 август, дар ноҳияи Рашт (қисмате аз ноҳияи Лахш то шаҳри Роғун)- аз 8 то 11 август ва дар шаҳри Душанбе аз 15 то 18 август доир мешавад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, соли равон дар даври якуми озмун 3374 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз ин шумора 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз теъдоди роҳхатгирифтагон тибқи раддабандии синнусолӣ, ки дар низомномаи озмун пешбинӣ шудааст, 742 нафарро аз 12 то 17-сола ва 581 нафарро аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд. Иштироки довталабон дар озмун нисбат ба соли гузашта 381 нафар зиёд аст.

Тавре дар Низомнома омадааст, «корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври дуюми озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт вогузор мегарданд.

Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун  пешниҳод карда мешаванд. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябр муқаррар карда мешавад».

Ёдовар мешавем, ки озмун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE