Нуриддин Саид: Барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио 2-бинои 12-ошёна бунёд менамоем
26.07.2022. Имрӯз оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали 2022 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумита оид ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 изҳори назар намуда, ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон доир ба рафти татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, ба моҳвора пайваст намудани шабакаҳои навтаъсиси телевизионӣ, ҳамкориҳои кумита ва сохторҳои он бо муассисаҳои олии таълимии соҳавӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳибкасб, барномаҳои такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, беҳдошти сатҳу сифати барномаҳои телевизионию радиоӣ, таҳкими потенсиали техникӣ ва эҷодии шабакаҳои телевизионию радиоӣ, нақшаи бунёди хонаи истиқоматӣ барои кормандон ва ғайра посухҳои мушаххас дод.
Тибқи иттилои Раиси Кумита дар мувофиқа бо Роҳбари давлат бунёди биноҳои истиқоматӣ 2-бинои 12 ошёнаро ба нақша гирифтаанд, рузҳои наздик бояд барои сохтмони он замин ҷудо карда шавад. Ба таъкиди Нуриддин Саид пеш аз ҳама нафарони эҳтиёҷманди соҳа бо биноҳои истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
Тибқи иттилои Нуриддин Саид айнизамон Кумита масъалаи ба моҳвора пайваст намудани ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ТВ “Илм ва табиат” бо ширкати “Ал-Майсан”- Аморати Муттаҳидаи Араб баррасӣ дорад ва аз рӯи мувофиқаи пешакии тарафҳо, шабакаҳои номбурда низ дар қатори дигар шабакаҳои втанӣ дар арафаи 31 –солагии истиқлолияти давлатӣ ба моҳвора пайваст хоҳад шуд.
Ба масъалаи такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ дахл намуда, раиси Кумита, изҳор дошт, ки дар давоми шаш моњи аввали соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Академияи ВАО–и Тољикистон” 10 машѓулияти омўзишїгузаронида шуда, дар он 115 нафар кормандони эљодию техникии шабакањои телевизиониюрадиои марказӣ ва минтаќавӣ, инчунин матбуоти даврї иштирок намуда, ба 84 нафар гувоњнома(сертификат) супорида шуд. Њамчунин дар оѓозисоли 2022 Академия аввалин маротиба барномањои такмили ихтисосро дар шакли китоби алоњидатањия намуд, ки он дар мувофиқа бо Вазоратимаориф ва илм чоп гардид.
Айни замон Кумита 2 барномаи давлатии соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди пахши телевизиони раќамї барои солњои 2020-2024” ва “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2021-2025″-ро татбиқ менамояд, ки дар нимсолаи якуми 2022 тибқи нақша вазифаҳои пешбинишуда,ба таври қаноатбахш иҷро гардиданд.
Баъди иҷрои марҳилаи дуюми “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамї дар Љумҳурии Тољикистон барои солҳои 2020-2024”сатҳи фарогирї бо пахши раќамї дар љумҳурї ба 78,7% расонида шуд. То анҷоми барнома сатҳи фарогирӣ бо пахши рақамӣ дар мамлакат ба 100 фоиз расонида хоҳад шуд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ, ҳамчунин доир ба фаъолияти шабакаҳои соҳавӣ, бахусус ТВ “Варзиш” ва ҳамкориҳои шабакаи мазкур бо дигар шабакаҳо сухан рафт. Дар ин бобат ва масъалаҳои дигар марбут ба фаъолияти сохторҳои Кумита рӯзноманигорон ба суолҳои зхуд посухҳои қаноатбахш гирифтанд.