Муносибатҳои иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким меёбанд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз Ҷумҳурии Узбекистон Муъминҷон Юлдошев мулоқот намуда, таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду тарафро мусбат арзёбӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо тақвияти равобитро самараи сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба имконоти вилояти Суғд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки то имрӯз соҳибкорони тоҷику узбек якчанд лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намудаанд.
«Сармоягузорони кишвари ҳамсоя метавонанд барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва ба роҳ мондани истеҳсоли либос бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории самаранок ба роҳ монанд», — иброз намуд Раиси вилоят.
Муъминҷон Юлдошев омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён дошт.