ММТ: Барои онҳое, ки балли кам доранд, озмун гузаронида мешавад: имконияти интихоби донишгоҳи нав мавҷуд аст

Аз 12 то 15 август дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Довталабон бояд муассисаи таълимиро дуруст интихоб кунанд, зеро ҳангоми тақсимот онҳо аз рӯи баллҳои гирифташуда ба гурӯҳи ихтисосҳои аз нав интихобшуда дохил карда мешаванд. Қоида ба довталабоне дахл дорад, ки аз интихоб гузаштаанд, вале аз сабаби зиёд будани талабот ба таълим аз рӯи ин ихтисос балли кам гирифтаанд.

Ин навбат донишҷӯёни ояндаро ба он самтҳое ҷудо мекунанд, ки аз тарафи шумораи камтари довталабон интихоб карда шудаанд.

Барои иштирок дар озмуни интихобӣ довталабон бояд дар рӯзҳои эълоншуда ба нуқтаи бақайдгирӣ омада, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расиди пардохти маблағи иловагӣ аз нав сабти ном шаванд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни тақсимоти такрорӣ ба донишгоҳҳо бо ёрии барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, аз ин рӯ омили инсонӣ наметавонад ба ин раванд таъсир расонад, яъне имконоти тақаллуби натиҷаҳо истисно карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE