Майдони сӯхтори ҷангал дар Геленджики Федератсияи Росия ба беш аз 118 гектар расид

Майдони сӯхтори ҷангал дар Геленджики Федератсияи Росия ба беш аз 118 гектар расид, хабар медиҳад  раиси шаҳри мазкур  Алексей Богодистов дар канали Telegram-и худ. Тибқи иттилои Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави Краснодар  1,5 гектар дар маҳҳаллаи Куприянов Шел низ оташ гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот сӯхтор ба ҳудуди Бобруковская паҳн шуда васеъ гардидааст.Тавре РИА Новости бо такя ба дафтари матбуоти вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин кишвар иттилоъ медиҳад, ки  дар хомуш кардани оташ беш аз 400 нафар ва 70 адад техника, аз ҷумла ду ҳавопаймои Бе-200 ва ду чархболи Ми-8 ҷалб шудаанд. Инчунин таъкид гардидааст, ки наҷотдиҳандагон дар шароити шамоли сахт бо шиддати то 30 метр дар як сония ва дар шароити душвор кор мекунанд. Ба гуфтаи губернатори кишвари Краснодар Вениамин Кондратев, амалиёт тамоми шаб давом карда то субҳи имрӯз идома дошт. Намояндагони ҳукумати шаҳр бо роҳбарияти он дар тамос шуда, маълум карданд, ки ҳайвонот осеб надидаанд ва  сухторнишонҳо  барои хомуш кардани сухтор мубориза мебаранд.

Сайёҳат Содиқова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE