Миёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар доираи Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон 13 август дар шаҳри Норак 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
13 август дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон баргузор гардид. Дар форуми мазкур Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд.
Дар Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё миёни мақомот ва соҳибкорони ҳарду вилоят 23 созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Харитаи роҳ миёни ду вилоят, ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки ба пешрафти ду вилоят мусоидат мекунанд.
Дар охир ба хотири равнақи дӯстию рафоқат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.