Тоҷикистон озмуни «Биатлони танкӣ»-ро бо ғалаба оғоз намуд
Экипажи якуми дастаи Тоҷикистон баромади худро дар озмуни «Биатлони танкӣ» бо ғалаба оғоз намуд. Танкчиёни Тоҷикистон 15 август бо дастаҳои Абхазистон ва Судон ба марра баромаданд. Онҳо дар мусобиқаи инфиродӣ натиҷаи 34:32 нишон дода, дар ин гурӯҳ аз ҳарифонашон пеш гузаштанд.
Озмун дар доираи Бозиҳои байналмилалии Артиш-2022 дар тамрингоҳи Алабинои назди Москва (Русия) гузашта истодааст.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дар дивизиони дуюм Тоҷикистон пас аз як пойга дар ҷойи 5-ум қарор дорад. Дар пеш боз ду пойгаи дигар аст, ки 19 ва 21 август мегузаранд.
Тақрибан соати 18:20 (бо вақти Душанбе) пойгаи №4-и ду дастаи дивизиони якум оғоз ёфт. Экипажҳои дуюми Муғулистон (танки сурх) ва Озарбойҷон (танки зард) мусобиқаро шурӯъ карданд. Дар айни ҳол экипажи якуми Русия дар дивизиони якум (20:12) пешсаф буда, танкчиёни Беларус дар ҷои дуюм (23:18) ва экипажи Чин дар ҷойи сеюм (24:23) мебошанд. Мусобиқа идома дорад.
15 август пеш аз оғози пойгаҳо дар «Биатлони танкӣ» маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии «АрМИ-2022», Бозиҳои байналмилалии артиш-2022 ва ҳамчунин маросими ифтитоҳи тантанавии озмуни «Биатлони танкӣ-2022» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Тоҷикистон бо парчами давлатӣ раҳпаймоӣ карданд. Ровӣ бо овози баланд ва ботантана ҳайати моро чунин муаррифӣ намуд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон! Аз лаҳзаҳои аввали баромади худ дар мусобиқа таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб мекунад. Мо мутмаинем, ки таманниёти мо онҳоро ба дастовардҳои нав мерасонад!».
Қобили зикр аст, ки мусобиқаҳои «АрМИ-2022» дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон аз 13 то 27 август баргузор мешаванд. Дар доираи бозиҳо 36 мусобиқаи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Барои баргузории мусобиқаҳои «АрМИ-2022» 13 давлат омодаанд. Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ ва Узбекистон. Венесуэла ва Арабистони Саудӣ бори аввал дар қаламрави худ мусобиқаҳоро баргузор мекунанд.