Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти мошингард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 19 августи соли 2022 маҳдуд карда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.