Тоҷикистон ва Корея масоили марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Имрӯз, 22 август мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Со Бёнсу баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот доираи васеи масоили марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 нафар хизматчиёни давлатӣ аз вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои таҳсил ба Корея фиристода мешаванд.

20 август муовини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ, ки тавассути барномаи бурсиявии KOICA барои таҳсил ба давлати Корея фиристода мешаванд, мулоқот намуд.

Иқдоми мазкур дар заминаи муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Корея, ки аз 27 апрели соли 1992 ба роҳ монда шудааст, сурат гирифта, дар доираи ҳамкории сохторҳои дахлдор бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Корея бурсияҳо ҷудо карда шудаанд. Дар робита ба ин, тибқи озмуни эълоннамудаи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA), дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти бурсияҳо барои таҳсили дусола дар Корея 6 нафар хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб баромада, аз 21 август то 29 августи соли равон барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 ба Корея фиристода мешаванд.

Дархости мазкур ҷиҳати иштироки довталабон-хизматчиёни давлатӣ барои дарёфти бурсияҳо аз ҷониби Сафорати Корея дар Тоҷикистон пешниҳод гардида, ин бурсияҳо аз рӯи 11 номгӯй ихтисос танҳо барои хизматчиёни давлатӣ муқаррар карда шудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE