Дар Дарвоз корхонаҳои саноатии истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва макарон ба истифода дода мешаванд
Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар мамлакат дар остонаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз ду корхонаи нави саноатӣ ‐ корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва макарон ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иттилоъ доданд.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз бо ҷараёни бунёди ду корхонаи нави саноатӣ ‐ корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва макарон шинос гардид. Зикр гардид, ки минбаъд дар сохтмонҳо танҳо масолеҳи истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ истифода шавад.
Раиси вилоят бунёди корхонаҳои саноатиро дар ноҳия амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар‐саноатикунонии босуръати мамлакат унвон карда, бобати тезонидани кор дар ин иншоот ба масъулин ва роҳбарияти ноҳия супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин дар мавзеи Дуробаки ноҳияи Дарвоз ҶДММ «Меваҳои Бадахшон» фаъолият мекунад, ки ба истеҳсол ва банду басти маҳсулоти мевагӣ тавассути технологияи муосир равона шудааст.
Дар ноҳия коргоҳҳои коркард ва банду басти асал, истеҳсоли обҳои ташнагишикан, истеҳсоли сарпӯшҳои муҳофизатии сохтмонӣ (каска) ва коргоҳи маҳлулҳои антисептикӣ фаъолият менамоянд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз фаъолияти коргоҳҳои мазкур изҳори қанотмандӣ карда, масъулинро вазифадор намуд, ки баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳои амалӣ андешанд.