Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2020 оид ба самбо соҳиби 4 медал шуданд

4 варзишгари тоҷик, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон ва калонсолон иштирок карданд, соҳиби медал шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳед.

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон ва калонсолон 5-8 ноябр дар Сербистон баргузор шуд. Дар чемпионат имсол бо сабаби маҳдудияти сафар дар бисёр кишварҳо 400 варзишгар аз 30 давлат иштирок карданд.

Паҳлавони маъруфи ҷумҳурӣ Акмалиддин Каримов дар вазни -57кг медали нуқра ба даст овард. Ӯ нахуст рақибаш Нгуен Рубинро аз Франсия, баъдан Бектош Назарови ӯзбекистонӣ ва Андрей Лашичуки украиниро мағлуб карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Акмалиддин дар финал аз Владимир Гладкихи россиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуда, барои ҷойи дуюм бо медали нуқра сарфароз гашт.

Медалҳои биринҷиро Комроншоҳ Устопириён дар вазни-90 кг, Хушқадам Хусравов дар вазни-62 кг миёни мардҳо ва Самеъҷон Абдушукуров дар вазни-87 кг миёни ҷавонон сазовор шуданд.

Комроншоҳ дар даври аввал рақибаш Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш шикаст дод. Вале баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови россиягӣ мағлуб гашт. Сипас, ӯ барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Хушқадам Хусравов дар даври аввал аз намояндаи Россия Александр Матаис мағлуб гардид. Ӯ баъдан дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм Небойса Николичи сербӣ ва Фарҳод Абжалиеви қирғизистониро шикаст дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE