Тоҷикистон Арманистон ва Озарбойҷонро ба музокирот даъват кард

Тоҷикистон аз Арманистон ва Озарбойҷон даъват ба амал меорад, ки сари мизи музокирот нишинанд. Дар ин бора Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба таври онлайн изҳор дошт.

Ӯ ба ҳалли ҳарчи зудтари вазъ дар сарҳади Арманистон ва Озарбойҷон бо роҳи дипломатӣ даъват намуд.

Қоҳир Расулзода нигаронии ҷониби Тоҷикистонро аз ташаннуҷи нави равобити Арманистон ва Озарбойҷон иброз дошт.

«Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд», — иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин Сарвари мамлакат изҳори итминон кард, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа- ин истифодаи муассир аз воситаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, шоми 13 сентябр бо дархости Сарвазири Арманистон, Раиси феълии Шӯрои Амнияти дастҷамъии СААД Никол Пашинян ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Амнияти дастҷамъии Созмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE