Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» иброз доштанд, ки тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд, иттлоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Конфронси мазкур.
Ба гуфти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз тадбирҳои зарурии коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба онро наандешида, дучори таҳдиди нав — ҳамагирии КОВИД–19 гардид.
«Табиист, ки дар ин давра ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамоми воситаву имкониятҳоро барои мубориза бо ин буҳрон равона кардаанд, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Вале мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳамияти хосса доштанаш, бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад».
Тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи Замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.
Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд ва рақамҳои зерин, ки ба шумо маълуманд, гувоҳи он мебошанд:
– зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хизматрасониҳои зарурии беҳдошт ва қариб дуюним 2,3 миллиард нафар аз шароити одии гигиенӣ бархӯрдор нестанд;
– ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.
«Дар робита ба ин, метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад», — гуфтанд Сарвари давлат.
Бо дарназардошти ин, Конфронси Душанбе низ масъалаи таъмин намудан бо оби нӯшокии бехатар ва бо ҳамдигар вобаста будани масъалаҳои об ва саломатиро дар меҳвари барномаи худ қарор додааст.