Дар Душанбе вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрии мазкур котибони шӯроҳои амният ва ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таври ҳузурӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шакли маҷозӣ ширкат варзиданд.

Тибқи рӯзномаи тасдиқгардидаи вохӯрии мазкур, котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ доир ба вазъ дар самти амният ва субот дар фазои  СҲШ мубодилаи афкор намуданд.

Доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва такмили механизмҳои ҳамгироии давлатҳои аъзои СҲШ дар самти муқовимат ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷинояткориҳои муташакили фаромиллӣ, инчунин дар хусуси таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ изҳори назар намуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни  вохӯрӣ оид ба фаъолияти СҲШ дар ҷодаи таъмини амнияти давлатҳои аъзои Созмон ва дар бораи фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ахборот шунида шуд.

Масъалаи муҳими дигар — оид ба ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки баргузории он моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, инчунин рафти таҳияи ҳуҷҷатҳо дар соҳаи амният, ки барои баррасӣ ва тасдиқи ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ пешниҳодшаванда, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз рӯи натиҷаи Вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ  Протокол ба имзо расида, ахбороти иттилоотӣ қабул гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE