Имрӯз дар Душанбе “Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия” баргузор мегардад

Баъд аз чанд лаҳза дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Форуми сармоягузории Тоҷикистону Россия” оғоз меёбад. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода аз макони баргузории ҳамоиш иттилоъ дода истодааст. Тибқи иттилои ҳамкорамон дар он сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар ширкат доранд. Пас аз маросими расмӣ Форум дар панҷ панел кори худро идома медиҳад. Ин ҳам бошад дар самти Санкт-Петербург, энергетика, туризм, кишоварзӣ, технологияи иттилоотию рақамӣ. Интизор меравад пас аз мулоқотҳои дуҷониба як катор созишномаҳои нави тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расанд.

Тафсилот нашр мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE