Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дидори аввалини худро мусовӣ анҷом дод

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 20-сола 14 сентябри соли равон оғоз гардид. Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» қарор дошта бо дастаҳои  Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур рақобат хохад кард.

Бозии аввалини  ин мусобика миёни дастаҳои Камбоҷа ва Лубнон  бо хисоби 0-1 ба нафъи Лубнон ба анҷом расид. Бозии навбати бошад байни дастаҳои Тоҷикистону Сингапур  аст. Мухлисони дастаи мо бо як шуру шавқи беандоза бо Парчаму навои мусикии дар варзишгохи марказии шахри Душанбе ҷамъ омадаанд то ки дастаи мунтахаби моро дастгирӣ намояд.  

         Дар ин бозӣ дастаи ҷавонони мунтахаби мо ҳунарнамоии хуб нишон доданд, аммо бозӣ бо ҳисоби  мусовии 0-0 ба анҷом расид. Бозии навбатии Тоҷикистон санаи 16 сентябр соати 20  бо дастаи Лубнон доир хоҳад гашт.

Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин ки ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Боизҳои минбада

Гурӯҳи «I»

Даври 2

16 сентябр (ҷумъа)

17:00 – Сингапур – Камбоҷа

20:00 – Лубнон – ТОҶИКИСТОН

 Даври 3

18 сентябр (якшанбе)

17:00 – Лубнон – Сингапур

20:00 – ТОҶИКИСТОН – Камбоҷа

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE